НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МАДАДРАСОН
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МАДАДРАСОН”
Санаи 11 августи соли 2023 дар асоси Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2023 №2, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мададрасон» – и КВД “Тоҷиксуғурта” маҷлиси ҳисоботию интихоботӣ бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қурбонзода Убайдулло, раиси ташкилоти ибтидоӣ - Мақсудзода Шуҳрат ва аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин: ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мададрасон» - оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023, №1 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”; тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2023; интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мададрасон»ва муовини Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.