Ифтитоҳи бинои филиали Корхона дар ноҳияи Мастчоҳ
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар заминаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2018, №510 «Дар бораи ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», саҳм гузоштан дар ободонии мамлакат ва беҳтар намудани шароити кории кормандон, ҳамзамон ба муносибати гиромидошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13 ноябри соли 2021 бинои нави маъмуриро барои филиали худ дар ноҳияи Мастчоҳ мавриди истифода қарор дод.