2.08.2023

Нишасти матбуотии Корхонаи воҳиди давлати "Тоҷиксуғурта" баргузор гардид

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва Нақшаи тасдиқнамудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии аз 10 июли соли 2023, №26/249 оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» 2 августи соли 2023 натиҷаҳои фаъолияташро дар нимсолаи аввали 2023 бо иштироки 15 нафар намояндагони васоити ахбори омма аз 10 расонаҳои хабарии расмиву мустақили Ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Нишасти матбуотӣ дар фазои мусоиди пурсишу посухҳо ва изҳори қаноатмандии намояндагони васоити ахбори омма кори худро анҷом дод.