Чорабинии тантанавии КВД “Тоҷиксуғурта” бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7 сентябри соли 2022 дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” чорабинӣ бахшида ба 31 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ кормандони дастгоҳи марказӣ, директорони филиалҳои Корхона дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Олимов Муҳамад Амиршоевич ширкат варзиданд.
Директори генералӣ ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муқаддас табрику шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо файзу иқбол ва саодати рўзгорро таманно намуд.
Қайд карда шуд, ки бо шарофати истиқлоли давлатӣ бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо имкон пайдо кард, ки дастовардҳои таърихии худро эҳё намуда, барои таҳкими минбаъдаи пояҳои асосиии давлатдорӣ, ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллии мардум ва тақвияти рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлоламон қадамҳои устувор гузорад.
Бо шарофати истиқлоли давлатӣ ба яке аз ҳадафҳои муҳимми стратегӣ, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардида, Тоҷикистони сепорча ба як мамлакати воҳид табдил дода шуд.
Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки дар натиҷаи қабул ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои мухталиф, рушди устувор ва босуботи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин карда шавад.
Таъкид гардид, ки ҳар яки мо вазифадорем, ки барои ҳимояи истиқлолу озодӣ, ки неъмати бузургтарини зиндагиамон ба ҳисоб меравад ҳамеша омода бошем, беш аз пеш заҳмат кашем ва онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.
Дар охир ба як қатор кормандон - аъзоёни фаъоли ҲХДТ Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомониро тақдим карда шуд.