Маҷлиси ҳисоботии фаъолияти КВД "Тоҷиксуғурта" дар соли 2020
Санаи 12 январи соли 2021 КВД «Тоҷиксуғурта» маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Корхона дар соли 2020 ва муайян намудани вазифаҳоро барои соли 2021 гузаронид.
Дар ҳисоботи муовини аввали Директори генералии Корхона Абдуллоев А.Қ. қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботи КВД “Тоҷиксуғурта” 513660 адад шартномаҳои суғуртавиро бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба имзо расонид ва аз ин ҳисоб 26515800 сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид шуд.
Баъдан ҳисоботҳои директорони филиалҳои Корхона дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуданд.
Дар рафти ҷаласа Директори генералии Корхона Мақсудзода Шуҳрат натиҷаҳои фаъолияти филиалҳоро дар соли 2020 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ҷалби бештари аҳолӣ дар бастани шартномаҳои суғуртавӣ, таъмини иҷрои босифати нақшаи воридоти ҳаққи суғуртавӣ ва ҳисоббаробаркунии саривақтӣ бо буҷет дастуру супоришҳои мушахас доданд.
Дар фарҷоми ҷаласа муовини сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Файзулло баромад намуда, фаъолияти Корхонаро дар соли ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҷиҳати ноил гардидани Корхона ба пешравиҳои аз ин ҳам назаррас ва рушди минбаъдаи суғуртаи давлатӣ ба роҳ мондани таблиғу ташвиқоти бештар дар ин самт зарур аст.
Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба оид ба натиҷаҳои фаьолияти Корхона дар соли 2020 қарори дахлдор қабул гардида, вазифаҳо барои соли 2021 муайян карда шуданд.
Сипас ба як қатор директорони филиалҳои Корхона барои фаъолияти босамар ва саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии суғурта, сифатноку барзиёд иҷро намудани нақшаҳо, таъмини воридоти ҳаққи суғуртавӣ, ҳисоббаробаркунии саривақтӣ бо буҷет ва муносиб ба роҳ мондани хизматрасониҳои суғуртавӣ, ки боиси бо фоида ҷамъбаст намудани фаъолият дар соли 2020 гардидаст, бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.