Ҷамъбасти фаъолияти КВД «Тоҷиксуғурта» дар соли 2019
Санаи 8 январи соли 2020 КВД «Тоҷиксуғурта» маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Корхона дар соли 2019 ва муайян намудани вазифаҳоро барои соли 2020 гузаронид.
Дар ҳисоботи муовини аввали Директори генералии Корхона Абдуллоев А.Қ. қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботи КВД “Тоҷиксуғурта” 746648 адад шартномаҳои суғуртавиро бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба имзо расонид ва аз ин ҳисоб 32355800,0 сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид шуда дар қиёс бо соли гузашта 650 адад шартнома бештар баста шуда, нақшаи пешбинигардида оид ба воридоти ҳаққи суғуртавӣ 101,5 фоиз иҷро гардидааст.
Баъдан ҳисоботҳои сардори шуъбаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва хоҷагидорӣ-сармуҳосиб, мудири бахши аудити дохилӣ ва назорат ва директорони филиалҳои Корхона дар вилоятҳои Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуданд.
Дар рафти ҷаласа Директори генералии Корхона Мақсудзода Шуҳрат натиҷаҳои фаъолияти филиалҳоро дар соли 2019 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ҷалби бештари аҳолӣ дар бастани шартномаҳои суғуртавӣ, таъмини иҷрои босифати нақшаи воридоти ҳаққи суғуртавӣ ва ҳисоббаробаркунии саривақтӣ бо буҷет дастуру супоришҳои мушахас доданд.
Ҳамзамон, дар асоси дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ иброз доштанд, Директори генералии Корхона супориш доданд, ки дар дастгоҳи марказӣ ва филиалҳо гушаи махсуси китобдорӣ таъсис дода шавад.
Инчунин таъкид намудан, ки баҳри рушди Кишвар, сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ва барои мерос гузоштан ба насли оянда ҳар як корманди Корхонаро зарур аст дар таҷдиду азнавсозӣ, ободии шаҳру ноҳия ва маҳалли зисти худ, саҳми муносиб гузошта, дар интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ки рӯзи 1 марти соли 2020 таъин шудааст бо масъулияти баланд фаъолона иштирок намоянд.
Дар фарҷоми ҷаласа муовини сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Файзулло баромад намуда, фаъолияти Корхонаро дар соли ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҷиҳати ноил гардидани Корхона ба пешравиҳои аз ин ҳам назаррас ва рушди минбаъдаи суғуртаи давлатӣ ба роҳ мондани таблиғу ташвиқоти бештар дар ин самт зарур аст.
Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба оид ба натиҷаҳои фаьолияти Корхона дар соли 2019 қарори дахлдор қабул гардида, вазифаҳо барои соли 2020 муайян карда шуданд.
Сипас ба 6 корманди дастгоҳи марказӣ ва 17 директорони филиалҳои Корхона, аз он ҷумла директорони филиалҳои Корхона дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳрҳои Турсунзода, Хуҷанд, Панҷакент, Исфара, Гулистон, Левакант, ноҳияҳои И.Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Вахш, Хуросон, Восеъ ва Темурмалик барои фаъолияти босамар ва саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии суғурта, сифатноку барзиёд иҷро намудани нақшаҳо, таъмини воридоти ҳаққи суғуртавӣ, ҳисоббаробаркунии саривақтӣ бо буҷет ва муносиб ба роҳ мондани хизматрасониҳои суғуртавӣ, ки боиси бо фоида ҷамъбаст намудани фаъолият дар соли 2019 гардидаст,бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.