16.07.2021

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ ФАЪОЛИЯТИ КВД “ТОҶИКСУҒУРТА” ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ ФАЪОЛИЯТИ КВД “ТОҶИКСУҒУРТА” ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021

 

Санаи 16 июли соли дар 2021 КВД «Тоҷиксуғурта» маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Корхона дар нимсолаи аввали соли 2021 ва муайян намудани вазифаҳоро барои нимсолаи дуюми соли 2021 гузаронид.

        Дар ҳисоботи муовини Директори генералии Корхона Давлатзода Таҳмина Ҳаёт қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботи нимсолаи аввали соли 2021 КВД “Тоҷиксуғурта” 295481 адад шартномаҳои суғуртавиро бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба имзо расонид ва аз ин ҳисоб беш аз 17 млн. сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ба даст овард ва иҷрои нақшаи нимсоларо 119,5% ташкил намуд.

   Баъдан ҳисоботҳои муовини директори филиали Корхона дар вилоятҳои Суғд, сармуҳосиби филиали Корхона дар вилояти Хатлон, аудити филиал дар ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуданд.

            Дар рафти ҷаласа Директори генералии Корхона Мақсудзода Шуҳрат натиҷаҳои фаъолияти филиалҳоро дар нимсолаи аввали соли 2021 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ҷалби бештари аҳолӣ дар бастани шартномаҳои суғуртавӣ, таъмини иҷрои босифати нақшаи воридоти ҳаққи суғуртавӣ ва ҳисоббаробаркунии саривақтӣ бо буҷет дастуру супоришҳои мушахас доданд.

          Дар фарҷоми ҷаласа муовини сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр баромад намуда, фаъолияти Корхонаро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҷиҳати ноил гардидани Корхона ба пешравиҳои аз ин ҳам назаррас ва рушди минбаъдаи суғуртаи давлатӣ ба роҳ мондани таблиғу ташвиқоти бештар дар ин самт зарур аст.

           Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба оид ба натиҷаҳои фаьолияти Корхона дар нимсолаи аввали соли 2021 қарори дахлдор қабул гардида, вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 муайян карда шуданд.