21.07.2020

Нишасти матбуотии КВД "Тоҷиксуғурта дар нимсолаи аввали соли 2020

 

Нишасти матбуотии КВД «Тоҷиксуғурта» доир гардид

 

         20 июли соли 2020 тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2020 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри 2011, №АП-1729 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» нишасти матбуотии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» бо иштироки Муовини сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Файзуллозода Файзулло доир гардид,                   ки дар он 30 нафар намояндагон расонаҳои иттилоотии дохилии кишвар иштирок намуданд.

         Сараввал муовини якуми Директори генералии Корхона Абдуллоев Абдулло Қобилбекович оид ба натиҷаҳои фаъалияти Корхона дар нимсолаи аввали соли 2020 пурра иттилоъ дод ва баъдан ба саволхои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас дода шуд . 

          Инчунин қайд менамоем, ки ба намояндагони васоити ахбори омма варақаи иттилоотӣ вобаста ба фаъолияти КВД «Тоҷиксуғурта» дар нимсолаи аввали 2020 бо забони давлатӣ таҳия гардида, дар рӯзи ишасти матбуотӣ дастраси хабарнигорон карда шуд.