Мукофотонидани кормандони Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта" ба пешвози 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боиси ифтихор аст, ки барои хизматҳои шоиста ва саҳми муносиб гузоштан дар рушди соҳаи суғуртаи давлатӣ дар арафаи 30-юмин солгарли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди КВД “Тоҷиксуғурта” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Директори генералии КВД “Тоҷиксуғурта” Абдуллоев Абдулло Қобилбекович бо медали Хизмати шоиста, сардори шуъбаи таҳлили иқтисодӣ Ҳамраева Марина Анваровна ва мудири бахши суғуртаи шахсӣ Раҳмонов Шӯҳрат бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдони карда шудаанд.



