Нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти КВД "Тоҷиксуғурта" барои нимсолаи аввали соли 2022 доир гардид
Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 №АП-1729 ва Нақшаи тасдиқнамудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2022, №26/10-272 оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ, Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта" 21 июли соли 2022 натиҷаҳои фаъолияташро дар нимсолаи аввали соли 2022 бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма аз 15 расонаҳои хабарии расмиву мустақили Чумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Нишасти матбуотӣ дар фазои мусоиди пурсишу посухҳо ва изҳори қаноатмандии намояндагони васоити ахбори омма кори худро анҷом дод.