Нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти КВД «Тоҷиксуғурта» дар соли 2020 доир гардид
8 феврали соли 2021 тибқи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо оид ба ҷамъбасти соли 2020 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри 2011, №АП-1729 нишасти матбуотии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» бо иштироки сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аъламхон Қодириён доир гардид, ки дар он 20 нафар намояндагони расонаҳои иттилоотии дохилии кишвар иштирок намуданд.
Вобаста ба фаъолияти КВД «Тоҷиксуғурта» дар соли 2020 ба намояндагони васоити ахбори омма варақаи иттилоотӣ бо забони давлатӣ таҳия гардида, дар рӯзи нишасти матбуотӣ дастраси хабарнигорон карда шуд.




