Маҷлиси тантанавии КВД “Тоҷиксуғурта” бахшида ба Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
24-юми ноябри соли 2022 дар Дастгоҳи марказии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» мизи мудаввар дар мавзӯи «Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Роҳбарият, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони корхона иштирок намуданд.
Муовини аввали директори генералӣ тамоми иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайрамақдам гуфта, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ѓайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.
Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, доир ба арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуданд.
Мизи мудавварро бо шунидани суруди миллӣ ҷамъбаст гардида, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмуъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу салоҳ ва оромиву осудагиро орзу карданд.