19.07.2021

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КВД «ТОҶИКСУҒУРТА» ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021 ДОИР ГАРДИД

    19 июли соли 2021 тибқи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2021 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри 2011, №АП-1729 нишасти матбуотии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» доир гардид.

    Вобаста ба фаъолияти КВД «Тоҷиксуғурта» дар нимсолаи аввали соли 2021 ба  намояндагони васоити ахбори омма варақаи иттилоотӣ   бо забони давлатӣ таҳия гардида, дар рӯзи нишасти матбуотӣ дастраси хабарнигорон карда шуд.