5.02.2020

Нишасти матбуотии КВД «Точиксуғурта» доир гардид

         3 феврали соли 2020 тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо оид ба ҷамъбасти соли 2019 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри 2011, №АП-1729 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» нишасти матбуотии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» бо иштироки сардори Раёсати молияи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аъламхон Қодириён доир гардид, ки дар он 26 нафар намояндагони расонаҳои иттилоотии дохилии кишвар иштирок намуданд.

         Қайд менамоем, ки барои намояндагони васоити ахбори омма варақаи иттилоотӣ вобаста ба фаъолияти КВД «Тоҷиксуғурта» дар соли 2019 таҳия гардида, дар рӯзи нишасти матбуотӣ дастраси хабарнигорон карда шуд.