Табрикоти Директори генералии КВД "Тоҷиксуғурта" Шуҳрат Мақсудзода ба муносибати "Рӯзи модар"
Санаи 4 март Директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода дар доираи таҷлили Рӯзи Модар кормандони дастгоҳи марказии Корхонаро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуд.
Зикр шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии давлатии занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо диққати махсус равона гардида, пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки ин неруи созанда ва қишри фаъоли ҷомеа ба рушди устувори мамлакат сафарбар карда шавад. Тавассути дастгириҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ҳиссаи фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар дар ҳоли афзоиш аст.
Бо василаи ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат мақому манзалати занон дар ҷомеаи кишварамон сол ба сол баланд мегардад.
Аз ин рӯ, бо умеду орзуҳои неку хуҷаста, бонувонро ба муносибати ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо тани сиҳат, хотири ҷамъ, сарсабзиву комёбӣ, дар хонадонашон осоишу оромӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда таманно намуданд.




