Маълумот оид ба КВД «Тоҷиксуғурта»
Суғуртаи давлатӣ дар Тоҷикистон ҳануз соли 1924 ҳамчун Раёсати суғуртаи давлатӣ дар Комиссариати халқии молияи Ҷумҳурӣ таъсис ёфтааст.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи суғуртаи мамлакат низ давраи нави таърихӣ оғоз ёфт.
Бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 2 августи соли 1991, № 421 дар заминаи Саридораи суғуртаи давлатии назди Вазорати молияи собиқ Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ Созмони тиҷоратии суғуртаи давлатӣ (Тоҷикгосстрах) таъсис ёфт.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 1994, № 405 Созмони тиҷоратии суғуртаи давлатӣ ба Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» табдил ёфт.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, № 429 Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта" номгузорӣ карда шуд.
Имрӯз КВД «Тоҷиксуғурта» дорои 65 филиалу 4 намояндагӣ дар шаҳру нохияҳои Ҷумҳурӣ буда, аз рӯи 22 намуди суғурта ба аҳолӣ хизмат расонида истодааст.
КВД “Тоҷиксуғурта” дар бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъи назаррас ва устувор пайдо намуда, яке аз ташкилотҳои суғуртавии пешсафи мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз рӯи натиҷаи нимсолаи аввали соли 2019 Корхона аз ҳисоби воридоти ҳаққи суғуртавӣ дар ҷойи дуюм ва аз ҳисоби пардохти маблағи товони зарар дар ҷойи аввал қарор дорад.