15.10.2021

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ КВД “ТОҶИКСУҒУРТА” ДАР НӮҲ МОҲИ СОЛИ 2021

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ

КВД “ТОҶИКСУҒУРТА” ДАР НӮҲ МОҲИ СОЛИ 2021

            Санаи 14 октябри соли 2021 КВД «Тоҷиксуғурта» маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияташро дар нӯҳ моҳи соли 2021          ва муайян намудани вазифаҳоро барои семоҳаи чоруми соли 2021 гузаронид.

            Дар ҳисоботи муовини Директори генералӣ Давлатзода Таҳмина Ҳаёт қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботи Корхона 400172 адад шартномаҳои суғуртавиро бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба имзо расонид ва аз ин ҳисоб 24245300 сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ба даст овард, ки иҷрои нақшаи нуҳ моҳаро 114,6% ташкил намуд.

            Баъдан ҳисоботҳои муовинони директорони филиалҳои Корхона дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, директорони филиалҳо дар ВМКБ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуданд.

            Дар рафти ҷаласа муовини якуми Директори генералии Корхона Абдуллоев Абдулло Қобилбекович натиҷаҳои фаъолияти филиалҳоро дар нуҳ моҳи соли 2021 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ҷалби бештари аҳолӣ дар бастани шартномаҳои суғуртавӣ, таъмини иҷрои босифати нақшаи воридоти ҳаққи суғуртавӣ ва ҳисоббаробаркунии саривақтӣ бо буҷет дастуру супоришҳои мушахас доданд.

            Дар фарҷоми ҷаласа мудири бахши молияи Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторов Бобоҷон баромад намуда, фаъолияти Корхонаро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки ҷиҳати ноил гардидани Корхона ба пешравиҳои аз ин ҳам назаррас ва рушди минбаъдаи суғуртаи давлатӣ ба роҳ мондани таблиғу ташвиқоти бештар дар ин самт зарур аст.

            Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба оид ба натиҷаҳои фаьолияти Корхона дар нӯҳ моҳи соли 2021 қарори дахлдор қабул гардида, вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2021 муайян карда шуданд.