Тӯҳфаҳои солинавии КВД "Тоҷиксуғурта" ба ятимон, дар арафаи Соли нави мелодии 2021
Тӯҳфаҳои солинавии КВД "Тоҷиксуғурта" ба ятимон, дар арафаи Соли нави мелодии 2021
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии кӯдакону наврасони ятим, оилаҳои камбизоат, пиронсолону маъюбон ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2021, роҳбарияти КВД «Тоҷиксуғурта» 25-уми декабри соли 2020 ба мактаб-интернати №1 деҳаи Арали ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ташриф оварда, ба таълимгирандагони ин муассиса туҳфаҳои солинавӣ ва дигар маводи ғизоӣ тақдим намуданд, инчунин ба 5 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернат, ки ятими кул мебошанд, сару либос ва пойафзоли мавсимӣ ҳадя карда шуд.
Туҳфаҳоро Директории генералии Корхона Мақсудзода Шуҳрат тақдим карда, ба хонандагон ва устодони мактаб-интернати мазкур дар Соли Нави мелоди саломатӣ, комёбиҳо, иқболи баланд ва хониши аълоро таманно карданд.
Инчунин, аз чониби рохбарияти КВД «Точиксугурта» ҷиҳати ободу зебо гардонидани саҳн ва атрофи мактаб-итернат зиёда аз 30 адад дарахатони мевадиҳанда шинонида шуд, ки дар оянда аз ҳисоби самараи онҳо, бошандагони муассиса истифода хоҳанд намуд.




