Омӯзиши кормандони КВД "Тоҷиксуғурта" аз рӯи барномаи "Баҳисобгирии 1С"
Бо мақсади мутобиқгардонии фаъолияти ҳисобдорию мусоҳибӣ бо талаботи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, ба роҳ мондани истифодаи технологияҳои рақамӣ ва барномаҳои муосири мусоҳиботи дар КВД "Тоҷиксуғурта" омӯзиши мутахассисон ва масъулини самти ҳисобдории дастгоҳи марказӣ ва сармуҳосибони филиалҳои аз он рӯи барномаи мусохибии 1С оғоз гардид.
Корхона тасмим дорад, ки дар давоми соли 2021 истифодаи барномаи мазкурро дар тамоми филиалҳои худ роҳандозӣ намояд.