Нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти КВД "Тоҷиксуғурта" барои соли 2022 доир гардид
Мутобиқи Амри Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва Нақшаи тасдиқнамудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии аз 20 январи соли 2023, №26/10-21 оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» 3 феврали соли 2023 натиҷаҳои фаъолияташро дар соли 2022 бо иштироки 15 нафар намояндагони васоити ахбори омма аз 10 расонаҳои хабарии расмиву мустақили Ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Нишасти матбуотӣ дар фазои мусоиди пурсишу посухҳо ва изҳори қаноатмандии намояндагони васоити ахбори омма кори худро анҷом дод.




