Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 ноябри соли 2022 дар дастгоҳи марказии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” чорабинӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Роҳбарияти Корхона ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муқаддас табрику шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо файзу иқбол ва саодати рўзгорро таманно намуд. Қайд карда шуд, ки бистуҳашт соли амали Конститутсия гувоҳи интихоби дурусти шакли идораи давлату давлатдории тоҷикон аст, чунки ба шарофати он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти миллӣ дошта, он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯс-тонаи халқи фарҳангсолори тоҷик¬ инъикос ёфтаанд. Таъкид гардид, ки ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Аз ин хотир, мову шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардо эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он зиндагӣ ва амал намоем.




