Маҷлиси ҳисоботии фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” барои соли 2022
Маҷлиси ҳисоботии фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” барои соли 2022
6 январи соли дар 2023 КВД «Тоҷиксуғурта» маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Корхона барои соли 2022 ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2023 баргузор гардид.
Дар ҳисоботи муовини якуми Директори генералии Корхона Абдуллоев А. Қ. қайд гардид, ки дар соли 2022 КВД “Тоҷиксуғурта” 565922 адад шартномаҳои суғуртавиро бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба имзо расонид ва аз ин ҳисоб беш аз 40838000 сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ба даст овард, ки 125,3% нақшаи солонаро ташкил намуд.
Дар ин давра Корхорна ба шахсони ҳуқуқию воқеии ба молу амвол ва ҳаёту саломатиаон заррасида дар ҳаҷми 5 878 000 сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт намуд, ки ах маблағҳои умумии пардохтгардида 132 500 сомонӣ ба шакли ҳатмии суғурта ва 5 745 600 сомонӣ ба шакли ихтиёрии суғурта рост меояд.
Баъдан ҳисоботи директори филиалҳои Корхона дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуданд.
Дар рафти ҷаласа Директори генералии Корхона Мақсудзода Шуҳрат натиҷаҳои фаъолияти филиалҳоро барои соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ҷалби бештари аҳолӣ дар бастани шартномаҳои суғуртавӣ, таъмини иҷрои босифати нақшаи воридоти ҳаққи суғуртавӣ ва ҳисоббаробаркунии саривақтӣ бо буҷет дастуру супоришҳои мушахас доданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр баромад намуда, фаъолияти Корхонаро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки новобаста аз, ин роҳбарият ва кормандони Корхонаро зарур аст, ки ҷиҳати устуворгардонии минбаъдаи низоми молиявӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи суғурта бо дарки масъулияти баланд муносибат намуда, оид ба иҷрои вазифаҳои дар назди Корхона гузошташуда, беҳтар намудани вазъи молиявӣ ва даромаднокии он, бештар намудани шумораи шартномаҳои суғуртавӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ тадбирҳои натиҷабахш андешанд.
Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба оид ба натиҷаҳои фаьолияти Корхона барои соли 2022 қарори дахлдор қабул гардида, вазифаҳо барои соли 2023 муайян карда шуданд