5.07.2023

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ КВД «ТОҶИКСУҒУРТА» ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2023

 

5 июли соли 2023 КВД «Тоҷиксуғурта» маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияташ дар нимсолаи аввали соли 2023 ва муайян намудани вазифаҳоро барои нимсолаи дуюми соли 2023 гузаронид.

Дар ҳисоботи муовини якуми Директори генералии Корхона Абдуллоев Абдулло Қобилбекович қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 КВД “Тоҷиксуғурта” 250465 адад шартномаҳои бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба имзо расонид ва аз ин ҳисоб беш 21187,0 ҳазор сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ба даст овард, ки иҷрои нақшаи солонаро 122,1% ташкил намуд.

Баъдан ҳисоботи директори филиали Корхона дар шаҳри Душанбе, муовинони директорони филиалҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва директорони филиалҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуданд.

 Дар рафти ҷаласа муовини якуми Директори генералии Корхона Абдуллоев Абдулло Қобилбекович натиҷаҳои фаъолияти филиалҳоро барои нимсолаи аввали соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ҷалби бештари аҳолӣ дар бастани шартномаҳои суғуртавӣ, таъмини иҷрои босифати нақшаи ҳаққи суғуртавӣ ва ҳисоббаробаркунии саривақтӣ бо буҷет дастуру супоришҳои мушахас доданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр баромад намуда, фаъолияти Корхонаро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки новобаста аз, ин роҳбарият ва кормандони Корхонаро зарур аст, ки ҷиҳати устуворгардонии минбаъдаи низоми молиявӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ  дар соҳаи суғурта бо дарки масъулияти баланд муносибат намуда, оид ба иҷрои вазифаҳои дар назди Корхона гузошташуда, беҳтар намудани вазъи молиявӣ ва даромаднокии он, бештар намудани шумораи шартномаҳои суғуртавӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ тадбирҳои натиҷабахш андешанд.

Зарур аст, ки хароҷотҳои дуюмдараҷа коҳиш дода шуда, ҷиҳати ҷалби бештари муштариён дар самти суғуртакунонӣ корҳои таблиғотӣ афзун карда шавад.  

Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба оид ба натиҷаҳои фаьолияти Корхона дар нимсолаи аввали соли 2023 қарори дахлдор қабул гардида, вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 муайян карда шуданд.