16.11.2022

Таҷлили 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент дар Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта"

Маҷлиси тантанавии КВД “Тоҷиксуғурта” бахшида ба 30 - юмин солагарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

      16 ноябри соли 2022 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» бо мақсади ҷашнгирии (таҷлили) 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону кормандон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

        Дар баромади худ Директори генералии КВД “Тоҷиксуғурта” оид ба нақши тақдирсозӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз намуданд, ки дар ҳақиқат иҷлосияи тақдирсоз бо Истиқлолияти давлатии кишвари мо дар як сатҳ ва дар як поя қарор дорад. Агар Эъломия мустақилият ва мавҷудияти давлатро бо номи Тоҷикистон эълон карда бошад, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб баргузор гардид, давлати тозаистиқлоли моро аз парокандашавӣ эмин дошт ва миллати куҳанбунёди тоҷикро аз гирдоби нобудӣ раҳо бахшид.

      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иҷлосия 16 Шӯрои Олӣ баҳои баланд дода, барҳақ таъкид менамоянд, ки «Иҷлосияи  16 Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳвора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд».

       Дар ҳақиқат нисбати нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматҳои Пешвои муаззами миллат асарҳои зиёди илмию таҳқиқотӣ эҷод шуда, нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёю барқарорсозӣ ва пешрафту шукуфоии давлату ҳукумати мамлакат дар таърихи навини давлатдорӣ беназир аст.

       Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳои муҳиме ҳастанд, ки ба номи шахсиятҳои барӯманди он зич алоқаманд буда, аҳамияти онҳо бо гузашти асрҳо ҳамчун сарвати миллӣ мавриди эътироф ва ифтихору арҷгузорӣ қарор мегиранд.

         Чунин шахсият дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд, ки дар бораи фаъолияту маҳорати давлатдорияшон асарҳои пурмуҳтавои мондагор ва китобу сарводаҳои бешумор пешкаш гардидаанд.

      Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста карда, воқеан ҳам дар таъсиси давлати навини соҳибихтиёри тоҷикон нақши бунёдгузорӣ доранд.

          Дар замони соҳибистиқлолӣ мо таҳти Сарварии  Пешвои миллат дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузоштем.

       Аз ҳама муҳимаш Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардида, рукнҳои дигари давлатдории худ, аз ҷумла артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро аз сифр оғоз карда, рушди устувору бесобиқаи онро таъмин намуд.

      Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Президентро ҳамчун иди бузурги миллӣ ва рамзи эҳтирому эътиқод эътироф намуда, маҳбубияту шукргузории хешро дар ин рӯз ба Президенти кишвар ҳамчун кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон самимона изҳор менамоянд.

         Маҳз самараи талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат буд, ки Тоҷикистони навин дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.

       Таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои сулҳофар ва Президенти маҳбуби миллат дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомўзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддӣ дар масири рў овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

         Дар охири ҷаласа Мақсудзода Шуҳрат бо рӯзи Президент кулли кормандонро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо  фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгу лшукуфоии ҷовидонаро таманно намуд.