Семинар - омӯзиш
Бо мақсади баланд намудани самаранокии фаъолият ва рақобатпазирии Корхона дар бозори суғурта, такмили дониши соҳавии кормандон, боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба мизоҷон, инчунин мутобиқгардонии фаъолият ба талаботи қонунгузории амалкунанда аз 11 то 14 сентябри соли 2019 дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Хоруғ ва Кулоб бо иштироки директорон, сармуҳосибон ва дигар кормандони масъули филиалҳо, семинар – омӯзиш гузаронида шуд. Дар семинар-омӯзиши мазкур масъалаҳои пешбурди дурусти корҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлили иқтисодӣ, фаъолияти суғуртавӣ, идоракунии кадрӣ, коргузорӣ ва дигар масъалаҳои мансуб ба фаъолияти филиалҳо матраҳ гардиданд.