Нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти КВД «Тоҷиксуғурта» дар соли 2021 доир гардид
Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 №АП-1729 ва Нақшаи тасдиқнамудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2022, №26/10-26 оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ, Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта" 7 феврали соли 2022 натиҷаҳои фаъолияташро дар соли 2021 бо иштироки 22 нафар намояндагони васоити ахбори омма аз 15 расонаҳои хабарии расмиву мустақили Чумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Нишасти матбуотӣ дар фазои мусоиди пурсишу посухҳо ва изҳори қаноатмандии намояндагони васоити ахбори омма кори худро анҷом дод.