Маҷлиси тантанавии КВД “Тоҷиксуғурта” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 ноябри соли 2021 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» вобаста ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ дар мавзӯи «Садоқат ба Президент-садоқат ба миллат аст» баргузор гардид.
Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Мақсудзода Шуҳрат иброз доштанд, ки дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳои муҳиме ҳастанд, ки ба номи шахсиятҳои барӯманди он зич алоқаманд буда, аҳамияти онҳо бо гузашти асрҳо ҳамчун сарвати миллӣ мавриди эътироф ва ифтихору арҷгузорӣ қарор мегиранд.
Чунин шахсият дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд, ки дар бораи фаъолияту маҳорати давлатдорияшон асарҳои пурмуҳтавои мондагор ва китобу сарводаҳои бешумор пешкаш гардидаанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста карда, воқеан ҳам дар таъсиси давлати навини соҳибихтиёри тоҷикон нақши бунёдгузорӣ доранд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ мо таҳти Сарварии Пешвои миллат дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузоштем. Аз ҳама муҳимаш Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардида, рукнҳои дигари давлатдории худ, аз ҷумла артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро аз сифр оғоз карда, рушди устувору бесобиқаи онро таъмин намуд.
Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Президентро ҳамчун иди бузурги миллӣ ва рамзи эҳтирому эътиқод эътироф намуда, маҳбубияту шукргузории хешро дар ин рӯз ба Президенти кишвар ҳамчун кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон самимона изҳор менамоянд.
Маҳз самараи талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат буд, ки Тоҷикистони навин дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.
Таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои сулҳофар ва Президенти маҳбуби миллат дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомўзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддӣ дар масири рў овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.
Ҳамчунин дигар иштирочиёни ҷаласа роҷеъ ба мавзӯ маърӯза намуданд.
Дар охири ҷаласа Мақсудзода Шуҳрат бо рӯзи Президент кулли кормандонро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгу лшукуфоии ҷовидонаро таманно намуд.