27.12.2019

Тӯҳфаҳои солинавии КВД "Тоҷиксуғурта" ба ятимон, дар арафаи Соли нави мелодии 2020

        Бо мақсади  иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии  кӯдакону наврасони ятим, оилаҳои камбизоат, пиронсолону маъюбон ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2020, роҳбарияти КВД «Тоҷиксуғурта» 24-уми декабри соли 2019 ба мактаб-интернати №1 деҳаи Арали ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ташриф намуда ба таълимгирандагони ин муассиса туҳфаҳои солинавӣ ҳадя намуданд.

        Туҳфаҳоро муовини Директории генералии Корхона Давлатзода Тахмина Ҳаёт тақдим карда, хонандагон ва устодони мактаб-интернати мазкурро табрик намуда, ба онҳо дар Соли Нав саломатӣ, комёбиҳо, иқболи баланд ва хониши аълоро таманно карданд.