Қадрдонӣ ва сарфароз гардонии як қатор кормандони дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои маҳалии КВД “Тоҷиксуғурта” бо Ифтихорномаи соҳавӣ
Барои хизматҳои шоиста, саҳмгузорӣ дар пешрафт ва рушди суғуртаи давлатӣ, ноил гардидан ба дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ, иштироки фаъолона доштан дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ, ҳамзамон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои маҳаллии КВД “Тоҷиксуғурта” бо Ифтихорномаи соҳавӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷаҳду талош ва саҳми муносибу арзандаи кормандони Корхона дар пешрафт ва рушди суғуртаи давлатӣ дар маркази диққату таваҷҷӯҳи роҳбарияти Корхона қарор дошта ва ин қадрдонӣ масъулияти кормандонро дар муносибати ҷиддитар доштан ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ афзун намуда, минбаъд низ ҳамаи кушишу ғайрати худро ба он равона месозанд, ки дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи суғурта бо дарки масъулияти баланд муносибат намуда, аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ба хубӣ ва сарбаландона бароянд.