16.10.2020

Ҷамъбасти фаъолияти КВД «Тоҷиксуғурта» дар нуҳ мохи соли 2020

 

ҶАМЪБАСТИ

фаъолияти КВД «Тоҷиксуғурта» дар нуҳ моҳи соли 2020

                                      

             КВД «Тоҷиксуғурта» 14 октябри соли 2020 маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба  натиҷаи фаъолияти худро дар нуҳ моҳи соли 2020 ва муайян намудани вазифаҳоро барои семоҳаи чоруми соли 2020 гузаронид.

             Дар ҷаласаи корӣ роҳбарияти Корхона, сардорони раёсат, шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва директорони филиалҳои Корхона иштирок намуданд.

             Дар аввал ҳисоботи муовини Директори генералии Корхона  Мирзоалиев Ф. оид ба натиҷаҳои фаъолияти Корхона дар нуҳ моҳи соли 2020 ва муайян намудани вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2020 шунида шуд. 

Зимни  баромад қайд карда шуд, ки КВД “Тоҷиксуғурта дар нуҳ моҳи соли 2020 бо шаҳсони ҳуқуқию воқеӣ аз руи намудҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ 385708 адад шартномаҳои суѓуртавї ба имзо расонида, аз ин ҳисоб 19804,4 ҳазор сомонӣ маблағи ҳаққи суғуртавӣ ворид гардид.

         Баъдан ҳисоботҳои мудири бахши аудити дохилӣ ва назорат ва директори филиал Корхона дар ВМКБ, муовини директори филиали Корхона дар вилояти Хатлон ва директорони филиалҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуданд.

             Директори генералии Корхона Мақсудзода Шуҳрат натиҷаҳои фаъолияти филиалҳоро дар нуҳ моҳи соли 2020 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ҷалби бештари аҳолӣ  дар бастани шартномаҳои суғуртавӣ, таъмини иҷрои босифати нақшаи воридоти ҳаққи суғуртавӣ  дастуру супоришҳои мушахас доданд.

         Ҳамзамон таъкид намуданд, ки дар баробари фаъолияти кори асосии худ ҳар яки моро зарур аст, ки чораҳои зиддиэпидемикиро барои пешгирӣ ва кам кардани хавфҳои пайдоиши сирояти нави коронавирусро пурзур намуда, њамарӯза безараргардонии утоқҳои кориро ба роҳ монда шуда, кормандонро пайваста бо маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои ҳимоявӣ таъмин намоем.  

         Ба роҳбарони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва директорони филиалҳо супориш дода шуд, ки дар семоҳаи чоруми соли 2020 камбудиҳои дар фаъолияташон ҷойдоштаро, ки ба иҷрои нақшаҳои суғурта монеъаҳо эҷод кардаанд, ислоҳ намуда тавассути меҳнати софдилона ва баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳи иқтисодию молиявӣ ноил гарданд.