Аз ҳодисаҳои фалокатовар ҳатман суғуртаи давлатӣ кардани заҳматкашоне, ки дар корҳои барои ҳаёт ва саломатӣ хеле хавфнок кор мекунанд
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 1996, № 36 «Дар бораи аз ҳодисаҳои фалокатовар ҳатман суғуртаи давлатӣ кардани заҳматкашоне, ки дар корҳои барои ҳаёт ва саломатӣ хеле хавфнок кор мекунанд»
Ҳаққи суғуртавӣ |
90 сомони - (1.5% аз маблағи суғуртавӣ) ташкил медиҳад. |
Маблағи суғуртавӣ |
6000 сомонӣ, (100 - карата музди меҳнати ҳадди аққал барои ҳисобҳо), ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст. |
Ҳодисаҳои суғуртавӣ |
- расидани зарари ҷисмонӣ ба ҳаёт ва саломатии корманди суғурташуда дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш; - баромадан ё шикастани устухонҳо, дандонҳо, осеб ёфтани (латхӯрдани) узвҳо, сухтан, захмгирии бадан дар натиҷаи ҳодисаи нохуш; - ҷароҳат дар натиҷаи шиддати ҷараёни барқӣ, ғарқшавӣ, осеби ҷисмонӣ; - гирифтани маъюбии гурӯҳҳои 1, 2 ва ё 3 дар натиҷаи рух додани ҳодисаи нохуш; - бардоштани ҷароҳат дар натиҷаи офатҳои табиӣ; - фавти суғурташуда. Эзоҳ: Агар ҳодисаҳои дар боло зикргардида танҳо ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ рух дода бошад, он гоҳ ҳодисаи суғуртавӣ ҳисоб мешавад; |
Муҳлати амали шартнома |
аз 1 моҳ то 12 моҳ дар мувоффиқаи тарафайн байни Суғурташаванда ва Суғуртакунанда муайян мегардад |