18.11.2019

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КВД «Тоҷиксуғурта»

        Санаи 15 ноябри соли 2019 дар КВД «Тоҷиксуғурта» маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Корхона, кормандони дастгоҳи марказӣ, филиалҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва инчунин доктори илмҳои педагогӣ, профессор, сармутахассиси Акдамеияи таҳсилоти Тоҷикистон, Сайдуллоҷон Неъматов иштирок доштанд.

        Дар аввал матни Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокчиён хонда шуд. Сипас ҷаласаро Директори генералии Корхона Мақсудзода Шуҳрат оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

        Дар баромади худ Мақсудзода Ш. иброз доштанд, ки аввалин маротиба 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон институти президентӣ асоси конститутсиониро ба худ касб намуда, тартиби интихоби Президентро қонуни конститутсионӣ муайян намуд ва собит сохт, ки дар кишвар халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, Президентро  бо тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ интихоб менамоянд.

        Таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат дар бисту ҳашт соли Истиқлолияти давлатӣ қудрати президентӣ низоми давлатдории навинамонро аз бисёр хатарҳои дохилию хориҷӣ ҳифз намуда, кишварро ба шоҳроҳи рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳнамун сохт.

        Боиси қаноатмандӣ ва масъулиятшиносии баланд аст, ки дар масири кӯтоҳи давлатдории навинамон аз баракати сиёсати созандаву бунёдкорона ва хирадмандонаю ояндабини Пешвои миллат, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон  бо таҳкиму тавсеаи заминаҳои ҳуқуқӣ, таъмини ваҳдату субот, ҳамзистии осоиштаи қишрҳои ҷомеаву волоияти қонун, рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва институтҳои шаҳрвандӣ барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам гардида, ормонҳои миллӣ муваффақона амалӣ карда мешаванд.

        Баъдан, сухан ба доктори илмҳои педагогӣ, профессор, сармутахассиси Акдамеияи таҳсилоти Тоҷикистон, Сайдуллоҷон Неъматов дода шуд.

        Номбурда, қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар замони вакили Шӯрои Олии кишвар будан, дар ҷаласаҳои он ҳангоми баҳсу мунозира бо ҳарифони сиёсии худ аз низоми демократӣ ва дунявӣ дифоъ намуда, хислатҳои воқеии раҳбари муосирро дар худ таҷассум менамуд ва аз ин лиҳоз дар иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои   Олӣ дар Қасри Арбоб ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ, Сарвари давлат  интихоб гардид ва тавонист дар кӯтоҳтарин вақт кишвари дар гирдоби  ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарордоштаро берун аз вартаи ҳалокат барорад ва ҳамчун пешвои воқеии миллӣ ҷойгоҳ ва мақоми сазовори худро на танҳо дар сиёсат, балки дар қалби ҳар як тоҷикистонию тоҷикони бурунмарзӣ пайдо намояд.

        Ин шахсияти нодир бо тарзи давлатдорӣ, туфайли сиёсати башардустона, адолатпарастӣ ва густариши фарҳанги муосири миллӣ бори дигар собит намуданд, ки тоҷикон дар ҳамаи давру замон соҳиби анъанаҳои бузурги сиёсиву давлатдорӣ буда, дар таърихи тамаддун ҳамчун кишвари сулҳдуст, босубот ва таҳаммулпазир шинохта шуданд.

        Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ тамоми  мушкилоту зиддиятҳо ва душвориҳои марзу буми тоҷик ва халқи азияткашидаро ба души худ гирифтанд. Нагузоштанд, ки хоки муқаддаси тоҷикон ба вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ фуру равад.

        Дар роҳи эҷоди ваҳдат ва бунёди сулҳу субот тамоми мардуми кишвар, ҳатто бадхоҳону душманони миллатро ба сулҳу салоҳ ва сари мизи таҳаммул ва андешаву орият даъват намуданд.

        Таъкид карданд, ки нобуд сохтан ва аз байн бурдани кишвар кори нанговар ва хатаровар аст. Бояд рисолати мо ҷониби таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу созандагӣ ва ҳаёти осоиштаву ороми мардуми кишвар равона гардад.    

        Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, сарвари оқил ва хирадпешаи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои хешро туфайли заҳматҳои бемислу монанди хеш дар роҳи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, таъмини саодати мардум ва кишвари биҳиштосо роҳандозӣ ва татбиқи амал намуданд.

        Пешвои мамлакат решаи ваҳдати миллиро дар амонӣ ва хайрхоҳии кулли афроди миллат дарёфтанд. Онро дар пойгоҳи худшиносии миллӣ ва пос нигоҳ доштани хотираи фарзандони фарзонаи миллат, гузаштагони баору номус таҳким додан. Таъкид ба амал оварданд, ки ҳар як фарди миллати накӯном ҳамон вақт ба миллаташ ҳусни таваҷҷӯҳ пайдо мекунад, ки бо таърихи тамаддуни хеш шинос бошад ва бо он фахр кунад. Бозёфт, феномени пешвои миллат низ дар ҳамин аст, ки барҳақ аз қудрати баланди эъҷозкорӣ ва тавонмандии эшон дарак медиҳад.

        Эмомалӣ Раҳмон собит намудаанд, ки халқи тоҷик ва тоҷикон аз азал мардуми сулҳдуст ва башардӯст буда, некӣ ва арзишҳои инсониро ба арши олии муқаддасот ва густариши муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистон бо кулли давлатҳову кишварҳои дунё мегузорад. Ҷаноби Олӣ мубашшири арзишҳову ҳикматҳои зиндагӣ, мунодии баргузидаи афкори хирадпеша ва андарзи насиҳатомези гузаштагони бузурги мо гардиаанд.      

        Дар охири ҷаласаи Директори генералии Корхона Мақсудзода Шуҳрат иброз доштанд, ки боиси ифтихор аст, ки коллективи КВД “Тоҷиксуғурта” дар якҷоягӣ бо тамоми мардуми кишвари азизамон ин Рӯзи фархундаро бо ҳиссиёти баланди ватандустӣ ва эҳтироми бепоён ба Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн мегиранд.

        Бори дигар ҳамагонро ба ҷашни мазкур табрик намуда, ба ҳар яки онҳо сарбаландию саодатмандӣ орзу намуданд.