4.03.2022

Рӯзи модар муборак!

   Дар воқеъ зан - Модар – сарчашмаи ҷӯшони ҳаёт, меҳру муҳаббат, шавкати беканор ва нури ҳар як хонадон аст, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад.

   Зан - Модар - моҳи дурахшонест, ки бо нури меҳрбораш шабҳои тираю торикро равшан месозад, агар соатҳо не, солиёни дароз васфашро кунем боз ҳам кам аст.

   Дар дар ин рузҳои зебои фасли баҳор, ки бо нам нами борону насими атромезаш дилҳоро ба шур меоварад ва иди Шумо азизон ба он рост омада, орзуи он дорем, ки пеш аз ҳама шодӣ ба коматон бошад.

   Иди модаронро бароятон самимона таҳният гуфта, орзуи тансиҳативу бардвомии умр, осудагиву хонаи обод ва саодати зиндагиро баҳратон таманно менамоем, бигзор вожае бо номи ХУШБАХТӢ надими якумрии даргоҳатон бошад!

   Соли чаҳордаҳум аст, ки санаи 8-уми март ҳамчун Рўзи Модар ва рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи зан – Модар таҷлил мегардад.

   Ҷашни фархундаи Рӯзи Модар бо фарорасии баҳор ва соли нави аҷдодӣ-Наврўз тавъам буда, ин ду рамзи некиву саодат пайи ҳам таҷлил мегарданд, чунки агар баҳор оғози эҳёи табиат, омодагӣ ба киштукор ва корҳои ободониву созандагӣ бошад, Модар худ бахшандаи ҳаёт аст.

   Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад.

   Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

   Маҳз Модари бодонишу бофарҳанг метавонад аз ўҳдаи рисолати мураббигии инсон баромада тавонад.

   Инкишофи маънавӣ ва тарбияи ахлоқии фарзанд, қабл аз ҳама, ба нақши Модар вобастагӣ дорад, зеро дар хона маҳз Ў эҳсоси меҳрубониву ҳамдардӣ, ҳамдиливу ғамхорӣ, муҳаббат ба наздикон, сабру таҳаммул ва тартибу низоми хонаводаро фароҳам оварда, ба фарзандони худ расму таомули оилавиро меомӯзонад.

   Мо бояд модарону бонувонро натанҳо дар рӯзҳои ҷашн гиромӣ дорем, балки дар зиндагии ҳаррӯза ба қадри муҳаббату меҳрубонии онҳо расем ва мақоми баландашонро пос дорем. Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Сиёсати Давлат ва тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, ки ба маърифатноккунонии занону духтарон равона гардидаанд, бешубҳа ба ташаккули ҷамъияти солим ва таъмини зиндагии осоиштаи имрўзу фардо мусоидат менамояд ва дар баробари ин нақш ва таъсири зан-Модар дар амри тарбияи фарзандон дар рӯҳияи эҳтироми суннату анъанаҳои неки миллӣ, интихоби роҳи дурусти ҳаёт ва барпо намудани оилаи солиму устувор ҳидоят кардани онҳо бузургу ҳалкунанда мебошад.

   Бамаврид аст бо қаноатмандӣ бояд изҳор намоем, ки имрўз зиёда аз сесад нафар занони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» чун дигар занони Ҷумҳурӣ, ки дар зинаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ фаъолият мекунанд, дар пешрафти соҳаи суғуртаи давлатӣ ҳиссаи муносибу сазовор доранд.

   Таманно дорем, ки занони “Тоҷиксуғурта” низ дар таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва рушди ҳаёти иҷтимоии он чун парчамбардорони диёр пешсафу сарбаланд бошанд!

    Бори дигар, ҳар яки шумо – ҳозирини гиромӣ ва тамоми модарону бонувони иззатманди Корхонаро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ - Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон тандурустиву хушбахтӣ, иқболи неку толеъи баланд ва рӯзгори ободу осуда хоҳонам.

 

Бо камоли эҳтиром,

Директори генералӣ                                        Мақсудзода Ш.