18.03.2021

Ҷашни Наврӯз муборак ҳамдиёрони азиз!

   Бо арзи эҳтиром ва самимият Шуморо ба ифтихори фарорасии Наврӯзи дилафрӯз самимона шодбош гуфта, таманно дорем, ки ҷашн бо манзалати бузургаш, бо русуми аҷдодиаш қалбатонро пурнур, шаҳомати бахтро фаровон ва шукуфтаҳои мақсудро бароятон мушарраф гардонад.

     Муҳимтарин ҳадафи Пешвои муаззами миллатамон эҳёи асолати таърихию фарҳангӣ, шукуҳу азамати давлатдорӣ ва гулгулшукуфонии Ватани азизамон буда, Наврӯзи бостонӣ ба фарҳанги маънавӣ табдил ёфтааст.

     Дар ин рузҳои фархунда баҳри амалӣ гардонидани тамоми нияту орзӯҳои нек, ба Шумо ва пайвандону наздиконатон бахту саодати наврӯзӣ, иқболи баланду толеъи нек ва ба кишвари маҳбубу соҳибистиқлоламон ободию сарбаландӣ орзӯ менамоем. 

     Наврӯз муборак ҳамдиёрони азиз!