22.02.2022

Рӯзи артиши милии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

КВД «Тоҷиксуғурта» тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори солгарди бисту нуҳуми таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар самимона табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо саломатӣ ва дар ҷодаи ҳифзи Ватани азизамон, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистон рӯҳи қавӣ, иродаи матин ва барору комёбиҳо орзу менамояд.

Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!