6.09.2021

Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияту озодии Ватан муборак бошад!

    Ҳамватанони азиз!

    Бо камоли ифтихору сарфарозӣ ва аз самими қалб Шумоёнро ба муносибати ҷашни 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, бо Шумо саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳои беназир орзу менамоем.

    Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланду мутамаддини тоҷикон мебошад, ки сӣ сол инҷониб номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хоссаи худро пайдо намудааст.

    Дар ин рӯзи воқеан таърихӣ Шуморо бори дигар самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони мардуми созандаатон муваффақиятҳои рӯзафзун орзу менамоем.

    Бигзор аз заҳмати ҳар фарди бонангу номуси миллат Тоҷикистони азизамон пур аз файзу баракат ва кишвари маҳбубамон боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардад.

    Зиндаву ҷовид бо давлати соҳибистиқлол ва поянда бод миллати куҳанбунёду тамаддунсоз ва соҳибмаърифату фарҳангии тоҷик!

    Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияту озодии Ватан муборак бошад!